Хадамоти матбуотии президенти Узбекистон иттилоъ дода, ки ҷонибҳо дар рафти гуфтугӯҳо 8 санади нави ҳамкорӣ, аз ҷумла "Созишнома дар бораи шарикии ҳамаҷониба дар соҳаи муҳоҷират"-ро имзо кардаанд.
Ба иттилои манбаъ, санади имзошуда ба ташкили ҳамкории шаффоф ва системавӣ дар соҳаи муҳоҷират равона шудааст.
Олаф Шолтс 15-уми сентябр вориди Узбекистон шуд ва қарор аст, рӯзҳои 16-17-уми сентябр дар нишасти “Панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ва Олмон” ширкат кунад. Ин нишаст бори аввал соли гузашта дар Олмон баргузор шуда буд ва панҷ раҳбари Осиёи Марказӣ ба ин кишвар сафар карда буданд.
Олаф Шолтс аввалин садри аъзами Олмон аст, ки ба Осиёи Марказӣ сафар мекунад, аз ин рӯ, сафарашро таърихӣ меноманд. Дар дар нишасти “Панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ва Олмон” Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон низ бояд ширкат кунад.