Модари Фархунда: "Куштори духтарам намунаи беҳуқуқии занони афғон аст!"
Бибиҳоҷира Маликзода-модари Фархундаи 27-сола мегӯяд, куштори духтараш намудани возеҳи беҳуқуқии занон дар Афғонистон аст. Дар арафаи Наврӯзи гузашта издиҳоми мардон Фархундаро бо айбномаи беасос ба қатл расонд. Модару хоҳаронаш бошанд, бо сабабҳои амниятӣ ба Тоҷикистон ҳиҷрат кардаанд.