Ссылки доступа

Кубро Ҳасанӣ баъди радди дархости паноҳандагияш дар Русия ба Афғонистон баргашт


Кубро Ҳасанӣ
Кубро Ҳасанӣ

Рӯзноманигори афғонистонӣ Кубро Ҳасанӣ, ки бо ҷурми кушиши убури ғайриқонунии марз дар Русия ба ду соли зиндони сукунатӣ маҳкум шуд, ба ватан баргаштааст.

Дар ин бора "Фонтанка" хабар додааст. Қаблан худи Ҳасанӣ ва вакили дифояш Мария Беляева гуфта буданд, ки ба ӯ дар ватан шиканҷа ва зиндон таҳдид мекунад.

Ба гуфтаи вакили дифоъ, рӯзноманигори афғонистонӣ 25 июн аз шаҳри Маскав ба шаҳри Кобул парвоз кардааст. Беляева афзуда, ки рӯзноманигор барои сафар кардан ба кишвари севум имкони молӣ надошт ва маҷбур шуд, ба ватан баргардад.

Додгоҳ дар Санкт-Петербург ахиран рӯзноманигори афғонистониро дар убури ғайриқонунии марзи Русия айбдор эълом карда, ба муҳлати ду сол ба маҳбаси сукунатӣ фиристод. Вале Ҳасанӣ бо назардошти муҳлати қарор доштанаш дар боздоштгоҳи муваққатӣ аз толори додгоҳ озод шуд.

Кубро Ҳасанӣ соли 2021 баъди сари қудрат омадани гуруҳи Толибон дар Афғонистон аз кишвар фирор кард. Ӯ як муддат дар Украина ба сар бурда, баъди оғози ҷанг миёнаравҳо бо ваъдаи расонидан ба Аврупо ӯро фиреб дида, ғайриқонунӣ ба Русия бурдаанд.

Ҳасанӣ моҳи майи соли 2022 ҳамроҳ бо 12 шаҳрванди дигари Афғонистон мехостанд, ғайриқонунӣ аз Русия ба Аврупо бираванд, вале аз сӯи маъмурони Хадамоти федеролии амнияти Русия боздошт шуданд.

XS
SM
MD
LG