Ӯ ин нуктаро зимни нишасти хабарии муштарак бо президенти Финландия Александр Стубб, ки дар доираи як сафар рӯзи чаҳоршанбе аз Киев боздид кард, баён дошт.
Зеленский дақиқ нагуфт, ки дар Русия басеҷи нав эълом мешавад ё ин 300 ҳазор нафар тавассути роҳҳои дигар ба артиши он кишвар ҷалб хоҳанд шуд.
Бори аввал дар Русия моҳи сентябри соли 2022 ба истилоҳ, сафарбаркунӣ ё басеҷи қисман ба артиш эълон шуда буд ва дар ҷараёни он, бино ба маълумоти расмӣ, 300 ҳазор кас ба артиш ҷалб карда шуданд.
Ҷалби низомиёни қарордодӣ ва маҳбусон ба артиши Русия давоми як соли ахир идома дорад.
Вазорати дифои Русия 3 апрел ҳисобот дод, ки аз аввали соли равон беш аз 100 ҳазор кас дар асоси қарордод ба артиши ин кишвар ҷалб шудааст. Ҳамчунин мавсими даъвати баҳорӣ дар Русия оғоз шуда, қарор аст, дар ҷараёни он 150 ҳазор сарбоз ба хидмати ҳарбӣ сафарбар шавад.
Мақомоти Русия омодагиҳо ба басеҷи навро рад мекунанд.