Ссылки доступа

Зеленский барои муаррифии нақшаи пирӯзӣ ба ИМА рафт


Президенти Украина Владимир Зеленский барои суханронӣ дар Маҷмааи умумии СММ вориди шаҳри Ню-Йорк шуд. Дар назар аст, ки Зеленский баъди баромад дар СММ, 26-уми сентябр барои вохӯрӣ бо президент Ҷо Байден ба Вашингтон равад.

Раиси ҷумҳури Украина ҳамчунин бо ҳарду номзади асосии интихоботи президентии Амрико Камалла Ҳаррис ва Доналд Трамп ҳам мулоқот мекунад.

Зеленский қабл аз сафараш ба ИМА гуфт, дар вохӯрӣ бо Ҷо Байден нақшаи пирӯзиро муаррифӣ мекунад. Ин барнома асосан ҳамла ба иншоотҳои стратегии Русияро дар дохили ин кишвар дар назар дорад. Киев моҳҳост, ки аз кишварҳои ғарбӣ талаб дорад, иҷозат диҳанд, бо мушакҳои гирифтааш ба дохили Русия ҳамла кунад. Вашингтон ва дигар кишварҳои аврупоӣ ба Украина то ҳол ин иҷозаро надодаанд.

Ба навиштаи бунгоҳи Bloomberg, Киев нақша дорад то охири соли равон даъватномаи узвият дар НАТО-ро дарёфт кунад.

XS
SM
MD
LG