Ссылки доступа

Зеленский гуфт, танҳо тавассути миёнаравҳо бо Путин гуфтугӯ мекунад


Президенти Украина Владимир Зеленский гуфтааст, барои гуфтугӯ бо ҳамтои русаш Владимир Путин тавассути миёнаравҳо омодааст.

Ӯ дар посух ба суоли нашрияи "The Philadelphia Inquirer" дар бораи имкони гуфтугӯ бо Русия гуфтааст, "шеваеро бояд ҷустуҷӯ кард, ки тавассути он мешавад роҳҳалеро пайдо кард.

"Гуфтугӯҳо дар бораи долони ғалла, ки Украина на бо Русия, балки бо Туркия ва СММ созиш кард, яке аз онҳост. Киев бо Анқара ва СММ созиш кард ва онҳо дар навбати худ масъулиятро бар зимма гирифта, бо Русия созишномаи лозимиро имзо карданд. Дар натиҷа ин созишнома корсоз шуд", - афзудааст ӯ.

Ба гуфтаи Зеленский, дар ҳоли ҳозир имкони гуфтугӯ миёни раҳбарони Русия ва Украина танҳо аз ин тариқ вуҷуд дорад.

Президенти Украина ҳамзамон гуфтааст, феълан бо шарикони ғарбии кишвараш дар бораи дарёфти мушакҳои дурпарвоз ва ҳадаф қарор додани пойгоҳҳои Русия бо онҳо гуфтугӯ дорад.

Кремл борҳо гуфтааст, ба гуфтугӯ бо Украина дар ҳоле омодааст, ки Киев вилоятҳои ишғолӣ, аз ҷумла нимҷазираи Қримро ҷузъи қаламрави Русия эътироф кунад.

XS
SM
MD
LG