Ссылки доступа

Муҳоҷирони тоҷик дар Внуково дармондаанд. Онҳоро ба Русия роҳ надоданд


Мақомоти рус ба гурӯҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистон иҷозаи вуруд ба хоки Русияро надодааст.

Аз рӯзи 14-уми июн беш аз 30 шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз Душанбе ба фурудгоҳи Внуково парвоз карда буданд, дар марз дармондаанд.

Чанд тан аз онҳо рӯзи 16-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки мақомоти рус онҳоро “дардисарсоз” барои Русия номидаанд.

Дар миёни онҳо занону кӯдакон низ ҳастанд.

"Се рӯз қабл бо рейси Сомон-эйр ва Урал-эйр омадем. Дар вақти аз нуқтаи марз гузаштан намояндаҳои ФСБ омаданду гуфтанд, ки аз Тоҷикистон ҳастед, шумо ба Русия зарар мерасонед, ба ватанатон баргардед,”—гуфт як тан аз муҳоҷирон.

Муҳоҷирон гуфтанд, ки аз онҳо дар бораи ҳодисаи “Крокус” пурсиданд ва телефонҳояшонро тафтиш кардаанд.

Дар сафорати Тоҷикистон дар Русия касе ба зангҳои мо посух надод, вале як муҳоҷири дармонда ба Радиои Озодӣ гуфт, дар посух ба занги телефониаш дар сафорат гуфтаанд, ки “вақте медонед, мушкилӣ ҳаст, куҷо омадед.”

Дар навори видеоӣ, ки муҳоҷирони дармонда аз фурудгоҳи Внуково ба Радиои Озодӣ фиристодаанд, дида мешавад, ки занону кӯдакон рӯи фарши фурудгоҳ хобидаанд. Муҳоҷирон гуфтанд, ки рӯзе танҳо ба онҳо як бор ғизо медиҳанд ва шароиташон бад аст.

Пас аз ҳамлаи маргбор ба “Крокус” дар охири моҳи марти имсол, ки мақомоти рус ҳамлагаронро шаҳрвандони Тоҷикистон номиданд, фишору азияти муҳоҷирони тоҷик дар Русия афзоиш ёфт. Ҳазорон муҳоҷир аз Тоҷикистон дар чанд моҳи ахир ба Русия роҳ наёфт ва садҳо нафари дигарро аз ин кишвар ихроҷ карданд. Мақомоти тоҷик ба муҳоҷирон тавсия дода буданд, ки муваққатан аз рафтан ба Русия худдорӣ кунанд.

XS
SM
MD
LG