Аз ҷумла, раҳбари "Уралвагонзавод" Александр Потапов, мудири кулли "Тактическое ракетное вооружение" Борис Обносов, вазири таъйиншуда аз ҷониби Русия дар қисмати ишғолии вилояти Запорожйе Елена Шапурова, аъзои Комиссияи марказии интихоботии Русия Элмира Хаймурзина, Александр Курдюмов, Антон Лопатин ва дигарон ба рӯйхати таҳримшудаҳо шомил шудаанд.
Ҳамчунин зидди ширкати қазоқии "Elem Group", "Mvizion"-и узбекӣ, "Guangzhou Ausay Technology", "Alpha Trading Investments" ва "Asia Pacific Links" аз Чин таҳрим ҷорӣ гаштааст. Бино ба хабарҳо, ин ширкатҳо ба давр задани таҳримҳо ва харидории таҷҳизот ба Русия кумак кардаанд.
Ҷопон моҳи майи имсол зидди як шаҳрванди Русия, 9 ширкати русӣ ва ду ширкати Қибрис барои интиқоли аслиҳа аз Куриёи Шимолӣ ба Русия таҳрим эълом карда буд.