Ссылки доступа

Шикояти муҳоҷирон баъди ҳамлаи "Крокус" бештар шудааст


Шикояти муҳоҷирони кории кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Русия баъди ҳамла ба толори "Крокус Сити Ҳолл" ба маротиб афзоиш ёфтааст.

Ба иттилои нашрияи "Вёрстка", ҳомии маъруфи ҳуқуқи инсон Валентина Чупик гуфтааст, аз охири моҳи март беш аз 8,5 ҳазор шикоят дар бораи латтукӯб, боздошт ва ихроҷи ғайриқонунии муҳоҷирон аз Русия, нигаҳдории онҳо дар шароити ғайриинсонӣ дар боздоштгоҳҳои муваққатӣ дарёфт кардааст.

Ба гуфтаи ӯ, дар гузашта шумори шикояткунандаҳо аз ихроҷи ғайриқонунӣ ё ҳолатҳои сохтаи нақзи қоидаҳои будубош дар Русия ҳафтае 2-3 нафарро ташкил медод ва ҳоло теъдоди чунин шикоятҳо дар рӯз ба 150-170 адад расидааст.

Ҳомии ҳуқуқ мегӯяд, бештари шикояткунандаҳо муҳоҷирони Узбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикитон ҳатсанд.

В России фиксируют рост ксенофобных настроений
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:04:29 0:00

Ҳамлаи маргбор ба "Крокус Сити Ҳолл"-и Маскав шаби 22-юми март сурат гирифт. Мақомоти Русия гуфтанд, дар ин ҳодиса 144 нафар ҷон бохта, беш аз 500 кас осеб диданд.

Гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ масъулияти ҳамларо бар дӯш гирифт.

Мақомоти Русия гуфтанд, 12 нафарро дар робита ба тирандозӣ дастгир карданд. Додгоҳ то кунун даҳ нафари онҳоро ба ҳабси пешакӣ гирифтааст. Нуҳ нафари онҳо аз Тоҷикистон ҳастанд ва як нафар аз Қирғизистон.

XS
SM
MD
LG