Ссылки доступа

Дигарон ба Олаф Шолтс чӣ гуфтанд, Эмомалӣ Раҳмон чӣ хост?


Раисҷумҳури Тоҷикистон аз садри аъзами Олмон хостааст, ки кишвараш дар бунёди нерӯгоҳи "Роғун" саҳм бигирад. Эмомалӣ Раҳмон ва Олаф Шолтс рӯзи 17-уми сентябр дар Қазоқистон ва дар ҳошияи мулоқоти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Олмон (5+1) гап задаанд.

Торнамои президенти Тоҷикистон рӯзи сешанбе навишт, ки Шолтс дар посух ба даъвати Раҳмон гуфтааст, ширкатҳои олмониро барои ҳамкорӣ бо Душанбе ташвиқ хоҳад кард. Ба навиштаи манбаъ, Олмон дар сохтмони нерӯгоҳҳои "Тоҷикистон" ва "Себзор" дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон саҳм дошта, ба навсозии нерӯгоҳи Норак пул дод.

Садри аъзами Олмон дар сафараш ба Осиёи Марказӣ, ки аз 15-ум то 17-уми сентябр давом кард, бо панҷ раҳбари минтақа дидору мулоқот дошт. Бештари суҳбатҳо дар мавриди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва муҳоҷират будаанд.

Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch), созмони муътабари ҳомии ҳуқуқи инсон, пеш аз сафари Олаф Шолтс аз ӯ хоста буд, ки риояи ҳуқуқи мардумро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар миён гузорад. Дар хабарҳои расмӣ гуфтугӯ дар бораи риояи ҳуқуқи инсон дар ин панҷ кишвар маълумоте нест.

Дидбони Ҳуқуқи Башар дар номае ба садри аъзами Олмон гуфта буд, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ рӯзноманигорону фаъолонро таъқибу зиндонӣ ва мардумро аз ҳаққи доштани озодии интихобу озодии сухан маҳрум кардаанд.

Нишасти панҷ кишвари Осиёи Марказӣ бо Олмон (5+1) бори аввал дар моҳи сентбяри соли гузашта дар Олмон баргузор шуда буд. Нишасти дуюм дар Остона, пойтахти Қазоқистон, гузашт ва Олаф Шолтс нахустин садри аъзами Олмон буд, ки ба минтақа сафар кард. Коршиносон мегӯянд, нишасте дар чунин қолаб пас аз ҳамлаи Русия ба Украина пайдо шуд ва бештар Олмон ҳадафҳои иқтисодиро дар Осиёи Марказӣ пайгирӣ мекунад.

Штефан Майстер, коршиноси олмонӣ, рӯзи 16-уми сентябр ба бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфтааст, чун Русия таҳрим шудааст ва кишварҳои аврупоӣ хариди газу нафтро аз ин кишвар коҳиш додаанд, Олмон ба дунболи пайдо кардани шарикони нав аст.

Ӯ гуфтааст, “Олмон воқеан ба шарикони нав ниёз дорад ва омода аст, ки дар ин минтақа сармоягузорӣ кунад”, вале ба гуфтаи ӯ, чун ба таври анъана ин минтақа таҳти нуфузи Чину Русия ҳаст, ҳамкориҳо ба ҳадде нахоҳад буд, ки интизор меравад.

Ин коршиноси олмонӣ афзудааст, дар замони Ангела Меркел талаби риояи ҳуқуқи инсон аз кишварҳое ба мисли ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ дар авлавият буд, вале ҳоло ба назар мерасад, ки Олаф Шолтс бештар масоили иқтисодиро дар мадди аввал қарор додааст. Ҳарчанд, ӯ бовар дорад, ки дар ин нишаст ба гунае риояи ҳуқуқи инсон садо додааст, вале на ба таври барҷаста.

“Дар ҳеч изҳорот ҳукумати Олмон ба риояи ҳуқуқи инсон ишора накардааст, вале агар чунин чизе вуҷуд дошта бошад, фикр мекунам, пушти дарҳои баста сурат гирифтааст,” – гуфт ӯ.

Олаф Шолтс дар ин сафари, ба истилоҳ таърихиаш ба Осиёи Марказӣ бештар ба Узбекистону Қазоқистон таваҷҷуҳ кард.

Ӯ рӯзи 15-уми сентябр сафарашро аз Узбекистон оғоз кард. Дар ин сафар шартномаи муҳиме миёни ин ду кишвар дар мавриди муҳоҷират имзо шуд. Бар асоси ин шартнома, муҳоҷирони узбек метавонанд дар Олмон кор пайдо кунанд. Шартномае, ки Олмон бо ҳеч кишвари Осиёи Марказӣ набастааст. Узбекистон ҳам созиш кард, ки муҳоҷирони ғайриқонунии афғонистоние, ки аз Олмон хориҷ мешаванд, аз тариқи хокаш ба Афғонистон мефиристад.

Олмон расман бо ҳукумати “Толибон” ҳамкорӣ надорад ва имкони фиристодани паноҳҷӯёни ғайриқонуниро ба Афғонистон надорад. Узбекистон аз ибтидо бо ҳукумати таҳти назорати “Толибон” ҳамкорӣ мекунад. Олмон тасмим гирифтааст, муҳоҷирони афғонистониеро, ки даст ба ҷиноят задаанд, аз ин кишвар биронад.

Қосимҷомарт Тоқаев, раҳбари Қазоқистон рӯзи 16-уми сентябр эълон кард, ки бо Олмон бар сари афзоиши содироти нафт ба созиш расидаанд. Ӯ гуфт, умедвор аст, ки барои содироти нафту газ ба бозори Олмон шароити беҳтаре муҳаё хоҳад шуд.

Олаф Шолтс дар ин сафар бо Тоҷикистону Қирғизистон ва Туркманистон ҳеч шартнома ё созише имзо накард. Олмон дар Тоҷикистон барномаҳои зиёде барои ҳифзи муҳити зистро аз тариқи Созмони олмонии ҳамкории байнулмилалӣ (GIZ) ва Бонки олмонии рушд (KfW) маблағгузорӣ мекунад. Бардошт аз хабари сомонаи президенти Тоҷикистон ин аст, ки Олмон ваъдаи ҳамкориҳои бештар дар истихроҷу коркарди маъданҳоро додааст.

Таҳсили ҷавонони тоҷик дар Олмон ҳам дар мулоқот баҳс шудааст ва ба навиштаи сомонаи президент, Шолтс гуфтааст, ки “омодаи тавсеаи ҳамкорӣ” ҳаст. Олмон, кишвари аврупоии абарқудрат аст, ки дар тасмимгириҳои ҷаҳон саҳм дорад.

XS
SM
MD
LG