Матлаби Ҳаёт Сафарзода ва Шоҳрух Аҳёзода 31-уми август дар гуруҳи “Шӯрои ҷавонон”-и Академияи ВКД дар Фейсбук пахш шудааст.
Муаллифони ин мақола баъди таҳлили парвандаҳои ҷиноятӣ ба ин хулоса расидаанд, ки 90 дарсади ҷавонони ифротгарои тоҷик дар Русия ва зери таъсири “имомҳои интернетӣ” гумроҳ шуданд. То куҷо ҳақиқат доштани ин нуктаро санҷидан номумкин аст, чун ҷавонон пеш аз сафари Русия кам ё беш бо дину тақво ошноӣ доранд. Пештар ин ҳол ба мавъизаҳои чанде аз рӯҳониёни саршиноси кишвар бастагӣ дода мешуд.
Ба иттилои расмии мақомоти Тоҷикистон аз соли 2014 ва баъд аз зуҳури ДОИШ, тақрибан 2 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба сафи ин созмон ва дигар гуруҳҳои тундрав дар Ироқу Сурия пайвастаанд. Аксари онҳо дар ҷангҳо кушта шуда, зану кӯдаконашон қисман ба Тоҷикистон оварда шуданд ва боқимонда дар зиндонҳои Ироқ ва урдугоҳҳои Сурия ҳастанд. Президент Эмомалӣ Раҳмон моҳи марти имсол дар вохӯрӣ бо руҳониён гуфт, дар се соли гузашта 24 шаҳрванди Тоҷикистон дар 10 кишвари дунё даст ба амалиётҳои террористӣ задаанд.
Ду устоди Академияи ВКД навиштаанд, таъсири идеологияи “салафия-ваҳҳобия” дар миёни муҳоҷирон зиёд шудааст ва ин “хатари ҷиддӣ ба амнияти миллӣ”-и Тоҷикистон мебошад.
Ҳаёт Сафарзода ва Шоҳрух Аҳёзода ба волидайни муҳоҷирон, намояндагиҳои Тоҷикистон ва ҷомеаҳои тоҷикон дар Русия тавсия додаанд, ки мубориза бо ифротгароиро дар дохил ва хориҷи кишвар тақвият бахшанд. Аммо ин ду устоди Академияи Вазорати корҳои дохилӣ аз маҳдудиятҳои динӣ дар дохили Тоҷикистон чизе нагуфтаанд.
Мунаққидон ва ҳомиёни ҳуқуқ мақомоти Тоҷикистонро барои шадидан маҳдуд кардани озодиҳои мазҳабиву анҷоми фаризаҳои? динӣ, бастани масҷидҳову манъи намозгузории то 18-солаҳо ва манъи таҳсили динии наврасон танқид карда инро поймолкунии озодиҳои эътиқод меноманд.
Солона ҳудуди як миллион шаҳрванди Тоҷикистон барои дарёфти кору даромад ба Русия мераванд. Муҳоҷирон ҳамеша аз шароити сахти кор, тафтишҳои зиёд ва озору азияти пулис дар Русия шикоят мекунанд.