Ссылки доступа

Буҷаи низомии Тоҷикистон қариб як миллиард сомонӣ бештар мешавад


Ҳукумати Тоҷикистон барои мудофиа ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар буҷаи соли 2025, 4,7 миллиард сомонӣ ($ 446 млн) пешбинӣ кардааст. Ин маблағ дар қиёс ба хароҷоти низомии кишвар дар соли равон, 972,4 миллион сомонӣ ($ 92 млн) бештар аст.

Дар як санади Вазорати молия, ки Радиои Озодӣ 11-уми сентябр бо он шинос шуд, омадааст, соли 2025 Тоҷикистон маблағи баробар ба 2,8 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-ро барои артиш ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сарф мекунад.

Соли 2024 буҷаи низомии Тоҷикистон 3,7 миллиард сомонӣ ($ 354 млн) буд. Ин маблағ 2,6 дарсади ММД-и кишварро ташкил медиҳад.

Ҷузъиёти бештар дар бораи буҷаи низомии кишвар дар соли оянда шарҳ дода намешавад, чун бар асоси қонун маълумоти махфӣ аст. Вале на ҳамаи маблағҳои ҷудошуда барои бахши низомӣ дуруст сарф карда мешаванд.

Оҷонсии мубориза бо фасод моҳи августи имсол аз тасарруфи беш аз 120 миллион сомонӣ дар сохторҳои Вазорати дифоъ хабар дода буд. Пулеро, ки бояд барои либосу хӯроку нигоҳубини сарбозон ва барои муҳофизати амнияти кишвар сарф мешуд, ба гуфтаи мақомот, бо мусоидати чанде аз масъулон тасарруф шудааст. 52 мақомдори чанд идораи давлатиро барои даст доштан дар ин кор дастгир кардаанд.

Бархе созмонҳо ва расонаҳо тобистони имсол аз зиёд шудани буҷаи низомии кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон гузориш дода буданд.

Аз ҷумла Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти масоили сулҳи Стокҳолм (SIPRI) моҳи августи имсол дар гузорише навишт, кишварҳои ОМ буҷаи бахши низомии худро афзоиш медиҳанд. Ба гузориши ин созмон, Тоҷикистон ва Қазоқистону Қирғизистон дар соли 2023 барои бахши низомии худ дар умум 1,8 миллиард доллар сарф карданд. Узбекистон ва Туркманистон оморро пинҳон медоранд.

Муаллифони гузориши SIPRI навиштаанд, раҳбарони минтақа афзоиши хароҷотро ба омилҳое чун ҷанҷолҳои марзӣ дар Осиёи Марказӣ, ҷанг дар Украина, вазъ дар Қарабоғи куҳӣ ва бесуботӣ дар Афғонистон рабт медиҳанд.

На фақт ҷангу даргириҳо, балки балки тағйирот дар заминаи геополитикӣ ҳам сабаби афзоиши харҷи низомӣ дар минтақа шудааст. Агар қаблан дар масоили амниятии Осиёи Марказӣ Русия нақши калидӣ дошт, ҳоло сафи шарикони низомиаш зиёд мешавад. Акнун Туркия, Эрону Арабистони Саудӣ, Амрико, Чин, Олмон, Фаронса ва Беларус ҳам ба ин кишварҳо силоҳу техникаи ҳарбӣ дастрас мекунанд. Вале ба назари коршиносон ин ҳама наметавонад кишварҳои минтақаро аз нигоҳи сиёсӣ устувор кунад.

XS
SM
MD
LG