Раиси ҳукумати Бритониё Риши Сунак ҳанӯз дар моҳи январи имсол эълом карда буд, ки кишвараш ба Украина 14 тонки "Challenger 2" медиҳад. Он замон гуфта шуд, ки кумаки низомӣ дар моҳи март ба Украина хоҳад расид.
Низомиёни Украина барои омӯзиши идораи навъи мазкури тонкҳо ба Бритониё рафта буданд.
"The Guardian" охирҳои моҳи март хабар дод, ки давраи омӯзишии низомиёни Украина дар Бритониё ба поён расидааст ва онҳо ба ватан баргаштанд.