Мухолифони Мадуро 29 июл ба нишони эътироз дар назди бинои Шӯрои миллии интихоботии Венесуэла ҷамъ шуданд. Миёни эътирозгарон ва кормандони пулис, ки мехостанд онҳоро пароканда кунанд, задухӯрд сурат гирифтааст.
Расонаҳо менависанд, ки маъмурони пулис дар пойтахти Венесуэла барои пароканда кардани тазоҳургарон аз гази ашковар истифода кардаанд. Вале ҳазорҳо эътирозгар ба самти қароргоҳи президент равона шуданд.
"Онҳо дар аввал дар даст зарфҳои оҳанин зидди барандаи интихоботи президентӣ эълом шудани Мадуро эътироз мекарданд, вале баъдан вазъ печида шуд", - навиштааст бахши русии Би-би-сӣ.
Дар натиҷаи бетартибиҳои Венесуэла 23 низомӣ захмӣ шудааст. Вазири дифои он кишвар Владимир Падрино хабар дод, ки баъзеи низомиёнро парондаанд.
Шӯрои миллии интихоботии Венесуэла дирӯз эълом кард, ки Николас Мадуро беш аз 51 дарсади овозҳоро дар интихоботи президентии рӯзи якшанбе соҳиб шудааст.
Мухолифони Венесуэла бар инанд, ки натиҷаҳои интихоботи имсол ба монанди соли 2018 дасткорӣ шудаанд.