Ссылки доступа

Дар Вашингтон озодии маҳбусони сиёсии туркманро талаб карданд


Правозащитники: Турция выдает Туркменистану активистов
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:00:51 0:00

Фаъолони маданӣ 31 июл ба ҷонибдорӣ аз маҳбусони сиёсии Туркманистон дар Вашингтон ду ҳамоиши эътирозӣ баргузор карданд.

Расонаи "Turkmen.news" иттилоъ дода, ки яке аз таҷаммуъҳо дар назди сафорати Туркманистон ва дувумӣ дар назди сафорати Туркия баргузор карда шуд.

Эътирозгарон аз сафорати Туркия талаб кардаанд, ки бо хадамоти махсуси Туркманистон ҳамкорӣ накунанд. Онҳо шиор додаанд, ки "Инсон гаронтар аз газ аст!" ва "Ба мероси Отатурк хиёнат накунед!".

Дар рафти эътироз номи фаъолонеро гирифтаанд, ки дар Туркия боздошт ва ба Туркманистон истирдод шудаанд.

Дар миёни маҳбусони сиёсии ёдшудаи туркманистонӣ номҳои нав низ гирифта шудааст. Яке аз онҳо Мардон Муҳаммадов аст.

Ба иттилои "Turkmen.news", ӯ ҳамроҳи мухолифони туркманистонӣ Холмурод Союнов ва Сафар Иқлимов дар саҳифаи "HSM Habar" дар шабакаи Ютуб кор мекард. Муҳаммадов дар Туркия мезист.

XS
SM
MD
LG