Ба иттилои хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ, шаҳрвандони Туркманистон, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ назари худро менависанд, барои бозпурсӣ ба шуъбаҳои Вазорати амнияти миллии он кишвар даъват мешаванд.
"Маъмурони пулис ҳафтаи гузашта ба хонаи сокиноне, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ зери видеоҳо дар бораи танқиди сиёсатҳои мақомоти Туркманистон "лайк" мегузоранд ё сиёсатҳои президенти Русия Владимир Путинро маҳкум карда, аз Украина ҷонибдорӣ мекунанд, рафта, онҳороо барои бозпурсӣ ба шуъбаи амният мебаранд", - гуфт як сокини Балкан ба шарти ифшо нашудани номаш 28 июн.
Ба гуфтаи як ҳамсуҳбати дигари мо аз Балкан, ки хешонаш мавриди таъқиб карор гирифтаанд, маъмурони амниятӣ телефони сокинонро мегиранд ва соатҳо онҳоро бозпурсӣ мекунанд.
Бештари бозпурсишудаҳо дар шаҳрҳои Балканобод ва Туркманбошӣ корбарони шабакаи иҷтимоии "TikTok" ҳастанд.
Мақомоти Туркманистон то ҳол ин бозпурсиҳоро шарҳ надодаанд.