Иштирокдорон номи Гурҷистон ва "Нест бод қонуни русиягӣ"-ро садо медоданд. Дар девори бинои порлумон навиштаҷоти "Русия - ғосиб" ва парчами Гурҷистонро тасвир карданд. Мухолифон мегӯянд, қонун дар бораи агентҳои хориҷӣ аз сӯи ҳизби ҳокими Гурҷистон бо дастури Маскав қабул шудааст. Муаллифони қонун инро рад мекунанд.