Мактаби Дархона ба далели афзоиши хонандагон ба синфхонаҳои иловагӣ ниёз дорад. Коргарон ваъда кардаанд, ки то оғози соли нави хониш сохтмони синфҳои иловагиро ба охир мерасонанд. Харҷи сохтмонро волидон ва муҳоҷирони меҳнатӣ бар душ гирифтаанд. Сохтмон бошад тариқи ҳашар пеш меравад.
"Дар ҳашар ҳамаи сокинони Дархона, омӯзгорон ва деҳқонон иштирок мекунанд. Ният дорем то оғози соли нави хониш сохтмонро ба охир расонем. Соли оянда мехоҳем ошёнаи дувумро созем", - гуфт омӯзгори мактаб Ҳусейнхон Қаюмов.
Ин мактаб ҳанӯз дар даврони шӯравӣ сохта шуда ва аз як ошёна иборат буд. Баъди ташхис муҳандисон иҷозаи сохтани ошёнаи дувумро доданд.
Дар ноҳияи Деваштич ин ягона намунае нест, ки ҷомеа ҳамроҳ бо давлат тарҳҳои иҷтимоиро амалӣ месозад. Соли ҷорӣ ба иттилои мансабдорон, дар ин ноҳия аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ ва муҳоҷирон бештар аз 40 мактаб таъмир шудааст.
Ба илова чанд соҳибкор ваъдаи сохтани синфҳои иловагиро додаанд.