Расонаҳои давлатии Сурия зарбаҳоро кори артиши Исроил номиданд. Низомиёни Исроил чун ҳамеша ингуна хабарҳоро шарҳ намедиҳанд.
Хабаргузории расмии "САНА"-и Сурия бо истинод ба артиши Исроил хабар дод, ки Исроил чандин иншооти низомиро дар ин кишвар ҳадаф қарор додааст.
Хабаргузории "Reuters" бо такя ба хадамоти иктишофии кишварҳои минтақа навишт, ки як пажӯҳишгоҳи илмӣ-низомӣ дар ғарби Сурия ҳадаф қарор дода шудааст. Гӯиё ин пажӯҳишгоҳ бо масъалаи силоҳи кимиёӣ машғул будааст.
Ҳамчунин чандин иншооте, ки гӯиё аз сӯи коршиносони низомии эронӣ истифода мешуданд, мавриди ҳамла қарор гирифтаанд.
Димишқ ва Теҳрон ин иддаоро рад мекунанд. Намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Эрон Носир Канъонӣ ҳамла ба ғарби Сурияро тасдиқ кард, вале гуфт, он иншоот ба кишвараш рабте надоштанд.