Ссылки доступа

Сини даъват ба артиши Русияро тағйир доданд


Раиси кумитаи дифои Думаи давлатии Русия Андрей Картаполов гуфтааст, сини поёнии даъват ба артиши ин кишвар то ба 21-солагӣ боло бурда намешавад.

Сини болоии даъват ба артиш аз 27 то ба 30-солагӣ тағйир дода шуд. Тибқи тағйироти нав, ки ба гуфтаи Картаполов, кумитаи дахлдори Думаи давлатӣ онро пазируфт, минбаъд ҷавонони аз 18 то 30-сола ба артиши Русия даъват мешаванд.

"Тағйири асосӣ ин аст, ки сини болоии даъват иваз шуд. Сини поёнии даъват дар 18-солагӣ боқӣ монд, чун ҷавонони бисёре мехоҳанд, хидмат кунанд", - изҳор доштааст Картаполов дар суҳбат бо "Интерфакс".

Ба гуфтаи вакили рус, меъёрҳои нави даъват ба артиши Русия аз соли 2024 ба иҷро медароянд.

Қаблан раиси Кумитаи дифои Думаи давлатии Русия Андрей Картаполов гуфта буд, ки эҳтимол дар мавсими даъвати баҳории соли 2023 шаҳрвандони то 30-солаи ин кишвар ба артиш ҷалб шаванд.

XS
SM
MD
LG