Ссылки доступа

Дар кори Ютуб дар Русия мушкил пеш омадааст


"Сбой.РФ" хабар додааст, ки дар кори шабакаи Ютуб дар Русия мушкил пеш омадааст.

То субҳи 1 август беш аз 800 корбари русиягӣ шикоят кардаанд, ки ҳангоми истифодаи Ютуб бо мушкил рӯбарӯ шудаанд.

Теъдоди шикоятҳо асосан дар шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, вилоятҳои Новосибир ва Краснодари Русия бештар аст.

Қаблан вакили Думаи давлатии Русия Александр Хинштейн хабар дода буд, ки суръати кори шабакаи Ютуб дар ин кишвар баъди як ҳафта то 70 дарсад суст мешавад.

Ба қавли Хинштейн, сустшавии кори Ютуб дар Русия феълан танҳо ба компютерҳо дахл дорад ва гузинаи мобилии ин барнома мисли пештара кор мекунад.

Ин вакили рус ин тасмимро “қадами маҷбурӣ” хонд, ки ба гуфтаи ӯ нисбати масъулини Ютуб равона шудааст. Хинштейн бовар дорад, ки паст кардани суръати кори Ютуб шумораи асосии корбаронро кам намекунад, чун аҳолӣ феълан дар таътил ҳастанд ва аз варианти мобилии Ютуб истифода мебаранд.

XS
SM
MD
LG