Хабаргузориҳои Русия навиштанд, Татарский кушта шудааст. Ба иттилои расонаҳо, дар ин ҳодиса ҳамчунин, бештар аз 25 тани дигар ҷароҳат бардоштааст.
Мақомоти Русия ба хабаргузориҳо гуфтаанд, ҳадафи таркиш маҳз Татарский буд. Бомбаи худсохт дохили тандиси хурде пинҳон карда шуда буд, ки ба Татарский тақдим гардид, гуфтанд мақомот.
Татарский дар гузашта дар ҳайати неруҳои низомии рӯ ба Русия дар Донбасс ҷангида буд ва дар бораи ҷанги Русия дар Украина гузориш медод. Расонаҳои Украина Татарскийро мубаллиғи Кремл меномиданд. Ба гузориши расонаҳои Русия, дар шаби эҷодии Татарский дар Петербург наздики 100 кас иштирок дошт.