Сагинбоева бо нашри наворе дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфт, ки доштани робитаи ҷинсӣ то ақди никоҳ гуноҳ нест. Раёсати маънавии мусалмонони Қирғизистон ба вай ҳушдор дод, ки дидгоҳҳояш "ошкоро исломро таҳриф мекунанд" ва хилофи арзишҳои маънавии ҷомеа ҳастанд. Дар ин ниҳод ҳамчунин гуфтанд, ки ба пулис шикоят хоҳанд бурд.
Бисёре аз корбарони интернет дар Қирғизистон вориди ин баҳс шуда, аз муфтиёт хостанд, ки чораҷӯӣ кунад.
Баъди муроҷиати Раёсати маънавии мусалмонон Сагинбоева наворашро дар бораи доштани робитаи ҷинсии ғайриникоҳӣ пок кард.