Ба гуфтаи корбарони қазоқ, дар баъзе ҳолатҳо миёни кормандони комиссариатҳо ва ҷавонон занозанӣ сурат мегирад.
"Мардоне, ки дар дохили ин мошин нишастаанд, ҳамаи ҷавонони роҳгузарро боз дошта, санадҳои онҳоро месанҷанд. Ин корҳоро низомиён мекунанд. Сипас онҳоро ба хидмати ҳарбӣ мебаранд. Ин бесарусомонӣ аст. Шумо, Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон вазифаи худро ингуна анҷом медиҳед?", - суол гузоштааст корбаре дар шарҳи навори пахш кардаи худ.
Дар Вазорати дифои Қазоқистон гуфтанд, бо онҳое, ки аз хидмати ҳатмии ҳарбӣ саркашӣ мекунанд, намешавад бо роҳи дигар ҳамкорӣ кард. Ба иттилои вазорат, бештари ҷавонон баъди дарёфти даъватнома ба комиссариатҳои ҳарбӣ ҳозир намешаванд.