Тирпарронӣ ҳангоми раҳпаймоии ҷашнӣ дар наздикии истгоҳи роҳи оҳани Канзас-Сити рух додааст. Дар ҷойи ҳодиса ду одами мусаллаҳ боздошт шудааст. Пулис онҳоро гумонбар номид. Пулис дар бораи шахсияти онҳо ва ангезаи тирпарронӣ иттилоъ намедиҳад.
8 тирхӯрда вазъи бад доранд. Лайза Лопес-Галван дар ҷойи ҳодиса фавтидааст. Вай дар радиои маҳаллӣ кор мекард.