Ссылки доступа

Дар Калкутаи Ҳинд пизишкон бо талаби шароити беҳтари корӣ эътироз карданд


Демонстрация протеста медицинских работников в Кулькутте, 19 августа 2024
Демонстрация протеста медицинских работников в Кулькутте, 19 августа 2024

Дар Калкутаи Ҳинд пизишкони эътирозгар рӯзи душанбе ба эътирозашон давом доданд ва ба кор набаромаданд.

Расонидани ёрии тиббиро пизишкон 9 август қатъ карданд. Он замон пизишки 31-сола дар беморхонаи шаҳрӣ таҷовуз ва кушта шуд. Ҳамкорони пизишки кушташуда аз мақомот кафолати бехатарӣ дар ҷойи кор ва таҳқиқи фаврии ҷиноятро талаб доранд.

Гумонбари ин ҷиноят боздошт шудааст. Заноне, ки дар ин гирдиҳамоӣ ширкат доранд, мехоҳанд таваҷҷуҳи мақомотро ба он ҷалб кунанд, ки дар кишвар сарфи назар аз сахттар шудани қонунҳо ҷиноятҳои ҷинсӣ идома доранд.

XS
SM
MD
LG