Дар шаҳри Табрез рӯзи сешанбе маросими видоъ бо қурбониёни ҳодисаи 19 май, ки Иброҳим Раисӣ яке аз онҳо аст, оғоз шудааст.
Сипас ҷасадҳо ба шаҳри Теҳрон интиқол ёфта, маросими асосии видоъ ба раҳбарии Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ баргузор хоҳад шуд. Ҷасади Иброҳим Раисӣ шоми панҷшанбе дар зодгоҳаш, шаҳри Машҳад ба хок супурда мешавад.
Расонаҳои расмии Эрон эълом карданд, ки 28 июни имсол дар он кишвар интихоботи президентӣ таъйин карда шудааст.
Нисфирӯзии 19-уми май чархболи Иброҳим Раисӣ, президенти Эрон сарнагун шуд. Сабаби ҳодиса ҳанӯз маълум нест. Мақомоти Эрон соатҳои аввали ҳодиса гуфта буданд, ки чархболи президент дар ҳавои меҳолуд (туман) “нишасти сахт” анҷом додааст.
Банди 131-и Қонуни асосии Эрон мегӯяд, дар сурати фавт, барканорӣ, истеъфо, нопадид шудан ё бемории беш аз ду моҳи раиси ҷумҳур ва ё дар мавриде, ки муддати раёсати ҷумҳурӣ поён ёфта ва раиси ҷумҳури нав бар асари монеаҳо ҳанӯз интихоб нашуда ва ё умури дигаре монанд ба ин, муовини раиси ҷумҳур бо мувофиқати раҳбарӣ, ихтиёрот ва масъулиятҳои вайро бар ӯҳда мегирад".
Ҳамчунин бар асоси ҳамин қонун, шӯрое иборат аз раиси порлумон, раиси Додгоҳи олӣ ва муовини аввали раиси ҷумҳур вазифадор аст, ки заминаҳоро барои интихоби раиси ҷумҳур дар панҷоҳ рӯз фароҳам кунад.
Муҳаммад Мухбир, ҳамакнун муовини авали раиси ҷумҳури Эрон аст ва бо мувофиқати Алии Хоманаӣ, масъулиятҳои Иброҳим Раисиро ба ӯҳда гирифтааст.