Ссылки доступа

Дар тирпароние дар Хорватия 6 кас кушта шудааст


Дар натиҷаи тирпарронӣ дар хонаи пиронсолони шаҳри Дорувар, воқеъ дар шимоли Хорватия 6 кас кушта шудааст.

Расонаҳои маҳаллӣ хабар додаанд, ки ҳамлагар дастгир шуда, дар миёни кушташудаҳо модари ӯ ҳам ҳаст.

Ҳамлагар субҳи 22 июл вориди хонаи пиронсолон шуда, бо туфангча модар, кормандон ва бошандагони онҷоро парондааст. Панҷ кас дар маҳалли ҳодиса ва як нафари дигар дар бемористон ҷон бохтааст.

Нашрияи "Večernji list" бо истинод ба сарвазири Хорватия Андрей Пленкович иттилоъ дода, ки синни миёнаи кушташудаҳо 90 мебошад.

Эҳтимол шумори қурбониён афзоиш ёбад. Зеро чандин тани дигар дар бемористон бистарӣ шудаанд. Вазъи ду тани онҳо вахим арзёбӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG