Ссылки доступа

Дар Доғистон афроди ношинос ба калисо ва каниса ҳамла кардаанд


Афроди ношинос дар шаҳри Дербенти Доғистон ба каниса ва калисо ҳамла кардаанд. Ҳамчунин як постгоҳи пулис дар Махачқалъа низ мавриди ҳамлаи мусаллаҳона қарор гирифтааст.

Вазорати корҳои дохилии Доғистон иттилоъ дод, ки дар натиҷаи ҳамла 6 маъмури пулис кушта ва 12 тан захмӣ шудааст.

Манбаи телеграм-канали "112" хабар дода, ки ҷамъан 9 кас, аз ҷумла 7 корманди пулис кушта ва 25 нафар захмӣ гаштааст. Ин хабарро то ҳол расман тасдиқ накардаанд.

Шахсияти ҳамлагарони "Дербент" то ҳол номаълум аст ва онҳо бо мошини навъи "Volkswagen Polo"-и сафед аз ҷойи ҳодиса фирор кардаанд.

Раиси Комиссияи назорати ҷамъиятии Доғистон Шамил Ҳадулаев гуфт, дар Дарбент як кашиш ва дар Махачқалъа як посбони калисо кушта шудааст. "Бино ба хабарҳои расида, гулӯи кашиш Николайи 66-соларо буридаанд", - навиштааст Ҳадулаев.

Ба иттилои Кумитаи миллии зиддитеррористии Доғистон, рӯзи якшанбе дар Дарбент ва Махачқалъа ба ду калисои православӣ, як каниса ва як посгоҳи пулис ҳамлаи мусаллаҳона сурат гирифтааст. Кумитаи тафтишотӣ дар робита ба ҳамлаи террористӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Тибқи маълумоти охирини ВКД Доғистон, ду ҳамлагар дар Махачқалъа кушта шуда ва дасти кам, ду нафари дигар дар ҳудуди соҳили "Берёзка" боздошт гаштааст.

Дар Дербент ва Махачқалъа тирпаронӣ идома дорад. Дар минтақа низоми зиддитеррористӣ эълом шудааст.

XS
SM
MD
LG