Ин мард талош худкушӣ карда, аммо зинда мондааст. Пулис ӯро ба бемористон интиқол дод.
Мудири мактаб, котиб ва як омӯзгор дар натиҷаи ин тирпарронӣ кушта шудаанд. Ба далели истироҳати тобистона кӯдакон дар мактаб набуданд.
Пулис мегӯяд, марде, ки аз силоҳ тир кушодааст, дар мактаб фаррош кор мекард. Расонаҳои Босния навиштанд, вай бо роҳбарияти мактаб низоъ дошт. Ба илова, ин мард афсурдагӣ доштааст, навиштанд расонаҳо.