Дар натиҷа як кас кушта ва дасти кам 8 нафари дигар бо захмҳои гуногун ба беморхона интиқол дода шудааст.
Пулис хабари боздошти ҳамлагарро тасдиқ мекунад. Вале шахсияти ҳамлагар то ҳол ошкор карда намешавад.
Расонаи маҳалии "Liverpool Echo" иттилоъ дода, ки як мард ба толори варзишие ворид шуда, ба одамони дохили он, бахусус кудакон бо корд ҳамла кардааст. Ба иттилои расона, яке аз кудакон дар роҳ ба беморхона ҷон додааст.