Кӯли Тинсилт, ки парандаҳо дар канори он лона сохта буданд, ба далели гармӣ дар давоми камтар аз як моҳ хушк шудааст. Бутиморҳо чӯҷа ва тухмҳои худро гузошта, онҷоро тарк кардаанд. Дар натиҷа даҳҳо чӯҷаи онҳо аз гуруснагӣ ва ташнагӣ фавтидааст.
Аккос Тарек Кавайлия дар пайи мушоҳидаи вазъ амалиёти наҷоти парандаҳоро ташкил карда, тавассути мошинҳои ихтиёриён 283 чӯҷаи бутиморро ба кӯли дигар, ки дар 50-километрии кӯли хушкшӯда ҷойгир аст, интиқол додаанд.
Ба гуфтаи Кавайлия, баъди чанд соат бутиморҳо ба назди чӯҷаҳояшон баргаштаанд. "Амалиёт бо муваффақият анҷом ёфт ва бутиморҳо чӯҷаҳои худро дар беҳтарин вазъ пайдо карданд", - навиштааст аккос