Ссылки доступа

Дар Узбекистон никоҳи хешутаборӣ манъ мешавад


Порлумони Узбекистон лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи ин кишварро баррасӣ дорад, ки манъи никоҳи хешутабориро пешбинӣ мекунад.

Тибқи лоиҳаи қонун, дар Узбекистон издивоҷи фарзандони амаку тағо ва холаву амма бо якдигар манъ мешавад. Онҳое, ки натиҷаи мусбати санҷиши генетикиро пешниҳод мекунанд, истисно хоҳанд буд.

Лоиҳаи мазкурро Кумитаи кор бо занон ва оилаи Узбекистон ба порлумон пешниҳод кардааст. Ба иттилои кумита, солҳои ахир дар ин кишвар шумори кудакони маъюб ба далели никоҳи хешутаборӣ афзоиш ёфтааст.

Дар шашмоҳаи аввали соли 2021 дар Узбекистон 1210 издивоҷи хешутаборӣ ба қайд гирифта шудааст. Бештари ин ҳолатҳо дар вилоятҳои Сурхандарё ва Қашқадарё мушоҳида гаштааст.

XS
SM
MD
LG