Ссылки доступа

Варзишкори украинӣ рекорди 37-соларо шикаст


Ярослава Магучих
Ярослава Магучих

Варзишкори украинӣ Ярослава Магучих дар ҷаҳидан ба баландӣ миёни бонувон рекорди нави ҷаҳонӣ гузоштааст.

Магучих дар Бозиҳои олимпии Порис 2 метру 10 сантиметр баланд ҷаҳидааст.

Рекорди қаблиро варзишкори булғорӣ ва қаҳрамони чандинкаратаи ҷаҳону Аврупо Стефка Костадинова моҳи авгутси соли 1987 гузошта буд. Костадинова, ки он замон 22 сол дошт, 2 метру 9 сантиметр ҷаҳида буд.

Ярослава Магучихи 22-сола дар ҳоли ҳозир қаҳрамони дукаратаи ҷаҳон ва чаҳоркаратаи Аврупо аст. Ӯ дар Бозиҳои олимпии тобистонаи соли 2020 медали биринҷӣ ба даст оварда буд.

XS
SM
MD
LG