Ссылки доступа

Сухангӯи ВКХ Украина рақамӣ шуд


Мақомоти Украина рӯзи чоршанбе сухангӯеро бо номи "Виктория" муаррифӣ карданд, ки тавассути ҳуши маснуӣ сохта шудааст ва аз номи Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар расман изҳорот медиҳад.

Дар ин бора "Садои Амрико" бо истинод ба хабаргузории "AFP" иттилоъ додааст.

Тавре худи Виктория менависад, вазифаи ӯ дар бораи масъалаҳои консулӣ маълумот додан ба ҷомеа ва рӯзноманигорон аст.

Вазорати корҳои хориҷи Украина гуфтааст, "барои аввалин бор дар таърих" изҳороти ин ниҳодро сухангӯи рақамӣ қироат мекунад.

Дар хадамоти матбуотии вазорат ба "AFP" гуфтаанд, ки матнҳои изҳороти Викторияро "шахсони воқеӣ менависанд" ва он танҳо дар қисми садоияш кумак мекунад.

Вазири корҳои хриҷии Украина Дмитрий Кулеба мегӯяд, ҳадаф аз таъсиси чунин сухангӯ "сарфаи вақт ва манбаъҳо"-и дипломатҳо аст.

XS
SM
MD
LG