Ссылки доступа

Қарори ҳабси вазири пешини дифои Русия Сергей Шойгу содир шуд


Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ рӯзи сешанбе дастур дод, ки вазири пешини дифои Русия Сергей Шойгу боздошт шавад. Ҳамчунин қарори боздошти сардори Ситоди кулли он кишвар Валерий Герасимов ҳам содир шудааст.

Ин ду нафар ба ҷиноятҳои эҳтимолии ҷангие муттаҳаманд, ки ҳадафашон иншооти ғайринизомӣ ва расонидани зарари аз ҳад зиёд ба ғайринизомиён мебошад. Додгоҳ аз ҷиноятҳои зиддибашарӣ дар Украина низ ёдовар шудааст.

Додрасҳо гуфтаанд, ки Шойгу ва Герасимов ба анҷоми ҷиноятҳои ҷангӣ дар Украина ё бевосита дастур додаанд ва ё вазифаҳои худро барои пешгирӣ аз онҳо дуруст иҷро накардаанд.

Дар додгоҳ гуфтаанд, ду нафар масъули ҳамлаи мушакӣ ба низоми энергетикии Украина дар давраи аз 10 октябри соли 2022 то 9 марти соли 2023 мебошанд. “Дар ин давра неруҳои Русия ба истгоҳҳои барқии Украина ҳамлаҳои бешумор анҷом додаанд”, - омадааст дар қарори додгоҳ.

Президенти Украина Владимир Зеленский аз содир шудани қарори боздошти ду шахси ба гуфтаи ӯ, “калидӣ дар артиши Русия” истиқбол кардааст.

XS
SM
MD
LG