Хадамоти матбуотии "Укргидроэнерго" иттилоъ дода, ки маблағи пешакии зарар 2,5 миллиард долларро ташкил медиҳад. Ба гуфтаи коршиносон, барои барқарорсозии обанбори "Нова Каховка" 6-7 сол лозим аст.
Хабаргузории "Reuters" навишта, ки ширкати украинӣ нагуфтааст, зидди Русия кай ба додгоҳи ҳакамӣ шикоят кардааст.
Додситонии кулли Украина рӯзи 6 июн хабар дод, ки дар доираи тафтишоти тахриби обанбор зидди генерал-полковники Русия, фармондеҳи собиқи гурӯҳи "Днепр" Олег Макаревич айб эълон шудааст. Хадамоти амнияти Украина бовар дорад, ки фармони тарконидани садди обанборро маҳз ӯ додааст.
Сарбанди "Нова Каховка" рӯзи 6-уми июни соли 2023 канда шуд ва Украина гуфт, ин кори дасти Русия аст. Артиши Русия он замон дар атрофи сарбанд мустақар шуда буд. Вале Маскав гуфт, Киев дар ин кор гунаҳгор аст.
СММ гуфт, дар паи канда шудани сарбанд, 37 ҳазор манзил тахриб шуд ва 1 миллион нафар бе оби ошомиданӣ монд. Даҳҳо ё шояд ҳазорҳо нафар ҷон дод. Имрӯз ҳам камбуди оби ошомиданӣ як мушкил боқӣ мемонад. СММ гуфт, зиёни фоҷеа 14 миллиард доллар ҳисоб шудааст.