Ссылки доступа

Трампро рӯзи 15 апрел дар Ню-Йорк муҳокима мекунанд


Дональд Трамп комментирует решение суда в Нью-Йорке. 25 марта 2024 года
Дональд Трамп комментирует решение суда в Нью-Йорке. 25 марта 2024 года

Муҳокимаи президенти пешини ИМА Доналд Трамп, ки ҳоло номзади ҳизби ҷумҳурихоҳ ба мақоми президентӣ аст, рӯзи 15 апрел сурат мегирад. Дар таърихи ИМА ин бори аввал аст, ки президенти пешинро ба ҷавобгарии ҷиноӣ мекашанд.

Трамро барои харҷи ғайриқонунии маблағҳое муҳокима мекунанд, ки вай дар маъракаи интихоботии соли 2016 ҷамъ оварда буд.

Як сол пеш додситонии Манхэттен Трампро дар тақаллуби аснод, бо ҳадафи пинҳон доштани пардохти 130 ҳазор доллари маъракаи интихоботӣ ба ҳунарпешаи филмҳои шаҳвонӣ Сторми Дэниэлс, айбдор карда буд. Дэниэлс гуфта буд, бо Трамп робитаҳои маҳрамона дошт ва таҳдид кард, ки дар маъракаи интихоботӣ фошгӯӣ хоҳад кард. Додситонӣ гуфт, Трамп 130 ҳазор долларро барои бастани даҳони Дэниэлс пардохтааст. Аммо президенти пешини ИМА ин маблағро дар санадҳо харҷи пардохти хадамоти ҳуқуқӣ нишон додааст. Трамп доштани робитаро бо ҳунарпешаи филмҳои шаҳвонӣ ва харҷи ғайриқонунии маблағҳои маъракаи интихоботиашро рад мекунад.

Дар маҷмуъ нисбати Трамп чаҳор парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Вай аз ҷумла дар талоши бекор кардани натиҷаҳои интихоботи президентии соли 2020, муносибати ғайриқонунӣ бо санадҳои махфӣ айбдор мешавад.

XS
SM
MD
LG