Ссылки доступа

Санҷиши маҷбурии бакорати духтарони мактабхон дар Туркманистон


Дар ғарби Туркманистон духтарони мактабхонро маҷбур мекунанд, ки аз санҷиши бакорат гузаранд. Ҳадаф баҳодиҳии ахлоқи духтарон ва пешгирӣ аз ҳомиладорӣ дар сини наврасӣ будааст. Дар бораи онҳое, ки аз ин санҷиш намегузаранд, ба Хадамоти амният хабар дода мешавад.

Дар мактабҳои вилояти Балкани Тукрманистон бидуни иҷозаи духтарон ва волидон, хонандаҳоро иҷборан аз санҷиши бокирагӣ мегузаронанд. Ба гуфтаи модарони чанд духтари мактабхон санҷишро духтури занона мегузаронад.

Мақомот мегӯянд, ин кор барои баҳогузории ахлоқи духтарон зарур аст. “Дар шаҳрҳои Балканобод ва Тукрманбошӣ ҳама хонандаҳои синфҳои 9-11-ро маҷбур мекунанд, ки аз санҷиши духтури занона гузаранд. Зимни санҷиш духтаронеро, ки алоқаи ҷинсӣ доранд муайян ва рӯйхат карда, ба шӯъбаи пулис дар маҳал ва ё Кумитаи амният пешниҳод мекунанд.”- гуфт, як корманди соҳаи маориф ба шарти ифшо нашудани номаш.

Ба гуфтаи чанд корманди дигари соҳа, пулис пайваста телефонҳои мобилии духтаронеро, ки исмашон дар рӯйхат аст тафтиш ва дар бораи афроде, ки бо онҳо робита доранд, маълумот ҷустуҷӯ мекунанд. Як манбаи огоҳ аз вазъ дар шаҳраки Балканобод гуфт: “Кормандони ҳифзи ҳуқуқ мегӯянд, ки ин корро бо ҳадафи ба ҷавобгарӣ кашидани онҳое мекунанд, ки бо ноболиғон алоқаи ҷинсӣ кардаанд. Ҳоло дар вилоят санҷишӣ фарогире гузаронида истодаанд.”

Кормандони соҳаи маориф бо тарс аз амнияти худ дар ин бора бо эҳтиёт сӯҳбат мекунанд ва ному насабашонро махфӣ нигаҳ медоранд. Муроҷиати хабарнигори Озодӣ, ба мақомоти вилояти Балкан беҷавоб монд. Ҳукумат сабаби ин амалро шарҳ намедиҳад. Вале бархе аз мусоҳибони мо бовар доранд, ки сабаби гузаронидани санҷиши бакорат, афзоиши мавридҳои ҳомиладор шудани духтарони ноболиғ дар ин минтақа аст. Ба гуфтаи онҳо танҳо дар Балканобод 6 чунин маврид ошкор шудааст.

“Ин маълумот то Вазорати маориф расид ва дар натиҷа раҳбари Раёсати минтақавии маорифро танбеҳ доданд. Баъд аз ин фавран, мақомоти вилоят ба “санҷиши ахлоқ”-идухтарон дар шаҳрҳои калон сар карданд.”

Санҷиши бакорат, дар Тукрманистон, падидаи нав нест. Ҳукумати худкома ин ҷо ҳайёти шахсии одамонро бо диққат назорат мекунад.

Соли 2018 маъмурини пулис ва Хадамоти амният якҷо бо духтурҳои занона ё гинекологҳо дар мактабҳои вилояти Дашоғуз рейд гузарониданд. Ба гуфтаи шоҳидон, онҳо телефонҳои ҷавононро тафтиш ва навору аксҳои дорои мӯҳтавои фаҳшоро ҷустуҷӯ мекарданд. Ҳамин тавр духтаронро барои санҷиши бакорат ба утоқи тиббӣ медароварданд. “Дар натиҷаи ташхис маълум шуд, ки бархе аз хонандаҳо бакорати худро аз даст додаанд. Волидони онҳоро ба мактаб даъват карда, шарманда мекарданд.” – гуфт, як афроди огоҳ аз он санҷиш ба Озодӣ.

Ба қавли манбаъ аз Раёсати корҳои дохилӣ дар Дашоғуза, санҷиши соли 2018 гуиё бахше аз талоши мақомот барои мубориза бо танфурӯшӣ будааст. Тафтиши тасдиқи дурустии ин маълумот номумкин аст.

Соли 2019 маъмурияти мактабҳо дар минтақаи ҷанубу шарқ, дар вилояти Марий ҳама духтарони синфҳои 8 ва 11-ро маҷбур карданд, аз санҷиши духтури занона гузаранд.

Ҳомиёни ҳуқуқи занон дар тамоми ҷаҳон санҷиши бакоратро чун як амали беҳуда ва таҳқиромез маҳкум ва даъват мекунанд, ки бояд ин падида аз байн бурда шавад.

Пизишкон таъкид мекунанд, ки чунин ташхисҳо наметавонанд, вуҷуди бакорати занону духтаронро муайян кунанд, чун ба қавли онҳо аз байн бурдани пардаи бакорат фақат ба робитаи ҷинсӣ вобаста нест ва сабаб метавонад мухталиф бошад. Табибон ба таъкид мегӯянд, бархе аз занон аслан бе пардаи бакорат таваллуд мешаванд.

XS
SM
MD
LG