Ссылки доступа

Се корманди боздоштгоҳи "Сахарово" ба ҳабс гирифта шуд


Додгоҳе дар шаҳри Маскави Русия се корманди боздоштгоҳи "Сахарово" - Абдулгапиз Мустапаев, Рудик Текнеджян ва Олга Адакинаро ду моҳ ҳабс кардааст.

Хадамоти матбуотии додгоҳҳои Маскав хабар дода, ки Абдулгапиз Мустапаев, Рудик Текнеджян ва Олга Адакина ба қаллобӣ бо сӯистифода аз мақом муттаҳам мешаванд.

Қаблан Кумитаи тафтишоти Русия хабар дода буд, ки санҷиши фаъолияти боздоштгоҳи "Сахарово"-ро оғоз кардааст.

Як манбаъ ба хабаргузории РБК иттилоъ додааст, ки кормандони "Сахарово" бо гирифтани маблағ ба хешовандони муҳоҷироне, ки дар он ҷо қарор доштанд, дидор ва раҳоии онҳоро ба ватан ваъда медоданд.

Ба иттилои канали телеграмии "112", ин нозирон дар марказ одамони худро доштанд, ки ба муҳоҷирон хидмат мерасонанд. Онҳо барои як вохурӣ ё дидор панҷ ҳазор рубл ва гӯё барои фиристодани онҳо ба ватан 30 ҳазор рубл талаб мекарданд.

Бисёре аз муҳоҷирон дар бораи озор ва шиканҷае, ки дар ин марказ ру ба рӯ шудаанд, нақл кардаанд. Ба гуфтаи бархе аз онҳо, дар он ҷо занонро таҳқир ва мардонро латукӯб мекунанд. Дигар боздоштшудагон шикоят карданд, ки ҳангоми он ҷо қарор доштанашон аз суратҳисобашон пулҳояшон гум шуд.

Намояндагони консулгарии Тоҷикистон дар Русия моҳи июл гуфтанд, ки феълан дар боздоштгоҳи "Сахарово" 136 шаҳрванди кишвар нигоҳдорӣ мешаванд. Дар миёни онҳо занон низ ҳастанд.

XS
SM
MD
LG