Ссылки доступа

Трамп ва Байден раъйи зарурӣ барои номзадӣ ба мақоми президентиро ба даст оварданд


Президентҳои кунунӣ ва собиқи ИМА - Ҷо Байдени демократ ва Доналд Трампи ҷумҳурихоҳ ҷонибдории аксари вакилони анҷуманҳои ҳизбиро, ки тобистони имсол номзадҳо ба мақоми президентии Амрикоро дар интихоботи моҳи ноябр пешбарӣ мекунанд, ба даст оварданд.

Трамп рӯзи сешанбеи гузашта дар Вашингтон, Миссисипӣ, Ҷорҷия ва Ҳаваӣ пирӯзӣ ба даст овард. Ба ҷонибдорӣ аз рақиби ӯ, сафири пешини Амрико дар СММ Никки Ҳейли бо вуҷуди даст кашиданаш аз идомаи рақобат беш аз 20 дарсади ҷумҳурихоҳон раъй доданд.

Байден низ дар Вашингтон, Миссисипӣ ва Ҷорҷия пирӯз эълом шудааст.

Аз нигоҳи назариявӣ, анҷуманҳои ҳизбӣ метавонанд ба ҷои номзадҳои пирӯз дар интихоботҳои ибтидоӣ номзади дигарро ба мақоми президентӣ пешбарӣ кунанд. Вале эҳтимоли ин хеле кам аст.

Тибқи бештари назарсанҷиҳо, Трамп дар ҳоли ҳозир аз рӯи теъдоди одамоне, ки омодаанд дар интихоботи 5 ноябри имсол ба ӯ раъй диҳанд, аз Байден каме пешсаф аст.

XS
SM
MD
LG