Бунёди Туркмании Ҳелсинкӣ (БТҲ) 27 май бо истинод ба манбаъҳои худ иттилоъ дода, ки эҳтимол Бекиевро барои ихроҷ ба ватан омода мекунанд.
Тоҷмурод Бекиев бародари Ашурбой Бекиев аст, ки мақомоти Русия моҳи августи соли 2023 ба Туркманистон ихроҷ карданд. Вазорати амнияти миллии Туркманистон соли 2015 ду бародарро бо гумони ангехтани бадбинии миллӣ ва динӣ таҳти пайгард қарор додааст.
Ба иттилои дарёфтии БТҲ, Ашурбой Бекиев, ки бо дархости Ишқобод ба ватан ихроҷ шуда буд, бо иттиҳоми сохтаи "ифротгароии динӣ" 23 сол зиндонӣ шудааст.
Ҳомиёни ҳуқуқ нигаронанд, ки Тоҷмурод Бекиев низ дар сурати ихроҷ ба ватан маҳкум ба зиндон хоҳад шуд.