Баъди оғози ҷанг алайҳи Украина, мобилизатсия ва саркӯби шадиди мухолифон, қариб 650 ҳазор кас аз Русия баромада, ба ин кишвар барнагаштанд. Ин оморро нашрияи The Bell ҳисоб кардааст.
Ба қавли манбаъ, рӯзноманигорон омори кишварҳои қабулкунанда, маълумоти расмӣ ва изҳороти мансабдоронро таҳлил карда, омори шахсони рафта аз Русияро ҳисоб кардаанд.
Бештари русиягиҳо ба кишварҳое рафтаанд, ки раводид талаб карда намешавад. Аз ҷумла 110 ҳазор шаҳрвандони Русия ба Арманистон, 80 ҳазор ба Қазоқистон, зиёда аз 73 ҳазор нафар ба Гурҷистон ва 80 ҳазор кас ба Исроил рафтаанд. The Bell менависад, 48 ҳазор шаҳрвандони Русия барои гирифтани раводиди дарозмуддати ИМА муроҷиат кардаанд.
Дар миёни кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, русиягиҳо аз ҳама бештар ба Олмон рафтаанд, ки шумораашон 36 ҳазор гуфта шудааст. Ҳамчунин 28 ҳазор шаҳрвандони Русия дар Туркия ҳаққи иқомат гирифтаанд.
Русия дар моҳи феврали соли 2022 ба Украина ҳамла кард ва ба гуфтаи кишварҳои ғарбӣ талафоти зиёд дод. Моҳи сентябри соли 2022 дар Русия сафарбарӣ ё мобилизатсия эълон шуд ва садҳо нафар аз мардон аз ин кишвар фирор карданд.