Ссылки доступа

Расонаҳо: даҳҳо сокини Язғулом боздошт шудаанд


Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дасти кам 20 сокини ҷамоати Язғуломи ноҳияи Ванҷро бо гумони "омодагӣ ба харобкорӣ" дастгир кардаанд.

Расонаҳои "Pamir Inside" ва "Azda TV" бо истинод ба манбаъҳои худ хабар додаанд, ки боздошти сокинони деҳаҳои Жамак ва Андарбаки Язғулом 16 май оғоз ва дасти кам 35 сокини ду деҳа то ҳол боздошт шудааст.

"Дасти кам 20 сокини Жамак ва 15 сокини Андарбак боздошт ва ба Душанбе бурда шудааст. То ҳол дар бораи онҳо хабаре нест. Ҷамъан дар водии Язғулом ҳудуди 50 кас дастгир шудааст", - навиштааст Pamir Inside.

"Azda TV" иттилоъ дода, ки қудратиҳо аз боздоштшудаҳо силоҳ мекофтанд ва онҳоро ба омодагӣ барои харобкорӣ дар минтақа муттаҳам мекунанд.

"Дилбаршо Лайлиев, яке аз шахсони бонуфуз дар миёни язғуломиҳо баъди баргашт аз Русия ҳамроҳи писараш боздошт ва ба Душанбе бурда шудааст", - иқтибос овардааст манбаъ аз қавли ҳамсуҳбати худ.

КДАМ Тоҷикистон боздоштҳо дар Язғуломро то ҳол расман шарҳ надодааст.

XS
SM
MD
LG