Ссылки доступа

Тоҷикистоние, ки аз хидмати ҳарбӣ дар Русия фирор карда буд, дар Белорус боздошт шуд


Шаҳрванди Тоҷикистон, ки баъди даъват ба хидмат дар саффи артиши Русия фирор карда буд, дар Белорус боздошт шудааст.

Дар ин бора Раёсати тафтишотии шаҳри Маскави Русия хабар додааст.

Бино ба фарзияи муфаттишон, ду шаҳрванди Тоҷикистон, солҳои таваллудашон 2004 ва 2005 мутаносибан солҳои 2019 ва 2022 шаҳрвандии Русияро ба даст оварда буданд. Вале 22 октябри соли гузашта баъди даъват ба саффи артиш аз комиссариати ҳарбии Маскав фирор карданд.

Зидди шаҳрвандони Тоҷикитсон бо гумони саркашӣ аз хидмати ҳатмии ҳарбӣ парванда боз шуда, онҳо таҳти пайгарди қонунӣ қарор дода шудаанд.

Муфаттишон ва маъмурони пулиси Русия муайян кардаанд, ки яке аз ин тоҷикистониҳо дар Белорус қарор дорад. Ӯро дар он кишвар боздошт ва ба Русия интиқол додаанд.

XS
SM
MD
LG