Ссылки доступа

Як шаҳрванди Тоҷикистонро дар сафедсозии ҳамлаи "Крокус" айбдор карданд


Дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия рӯзи 27 март як шаҳрванди Тоҷикистонро гӯиё барои "сафедсозии ҳамла" боздошт кардаанд. Нисбати вай парванда боз шудааст.

Ба навиштаи расонаҳо, шаҳрванди боздоштшуда Баҳодур Зуҳурови 26-сола аст. Дар сурати исботи айб мумкин аст, вай то 5 сол зиндонӣ шавад. Дар наворе, ки мақомоти тафтишотии Русия нашр карданд, Зуҳуров узрхоҳӣ мекунад ва мегӯяд, "ин корро дигар такрор намекунад".

Мақомоти тафтишотии Русия мегӯянд, вай дар саҳифаи телеграмие навори ҳамла ба "Крокус"-ро нашр ва зераш шарҳи "дорои муҳтавои сафедкунанда"-и терактро навиштааст.

Ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл” шаби 22-юми март рӯй дод.

Гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” ё ДОИШ масъулияти ҳамларо ба уҳда гирифт, вале президенти Русия Владимир Путин онро ба Украина пайванд дод.

Кумитаи тафтишотии Русия дар бораи боздошти 11 кас гузориш додааст.

Додгоҳи Басманнийи шаҳри Маскав рӯзҳои 24, 25 ва 26-уми март ҳашт нафарро то охири моҳи майи имсол ба ҳабси пешакӣ гирифт. Ҳафт нафари онҳо зодаи Тоҷикистон буда, як нафар аз Қирғизистон аст.

XS
SM
MD
LG