Ссылки доступа

Эъломи ҳукми додгоҳ алайҳи Трамп ба таъхир афтод


Эъломи ҳукми додгоҳ дар робита ба парвандаи президенти пешини ИМА Доналд Трамп, ки дар пинҳон кардани пардохти 130 ҳазор доллар ба ҳунарпешаи филмҳои шаҳвонӣ Сторми Дэниэлс муттаҳам мешавад, то 18 сентябр ба таъхир афтод.

Қарор буд, ҳукми додгоҳ 11 июли имсол эълом шавад, вале он ба далели қарори ахири Додгоҳи олии Амрико дар бораи дахлнопазирии президентии Трамп ба таъхир гузошта шудааст.

Ҳайати ҳакамони додгоҳи Ню-Йорк 30-юми майи имсол Доналд Трампро ба сохтакории санадҳо барои пинҳон кардани пули ҳаққи сукут ба Сторми Даниелс муҷрим эълон кард.

Вакилони дифои Трамп аз додгоҳ хостанд, на танҳо эъломи ҳукмро ба таъхир гузорад, балки парванда алайҳи ӯро бекор созад. Зеро ба гуфтаи вакилони дифоъ, зидди Трамп барои амалҳое парванда боз гашта, ки дар давраи президент буданаш анҷом шудаанд. Гӯиё вакили дифои сиёсатмадор Майкл Коэн 130 ҳазор долларро ба ҳунарпеша замоне додааст, ки Трамп аллакай президент буд.

Додгоҳи олии ИМА рӯзи душанбе дархости вакилони дифои президенти собиқи ин кишвар Доналд Трампро қонеъ кард. Онҳо аз болои парвандаи ҷиноие, ки зидди ӯ дар робита ба бетартибиҳои моҳи январи соли 2021 боз шуда буд, шикоят карда, гуфтанд, Трамп бояд барои амалҳое, ки дар давраи президентияш содир шудаанд, аз дахлнопазирии комил бархурдор бошад.

Додгоҳ бо аксарияти оро қарор кард, президенти ИМА дар робита ба амалҳое, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои конститутсионӣ содир кардааст, ба дахлнопазирӣ ҳақ дорад.

XS
SM
MD
LG