Ссылки доступа

Додгоҳи Шветсияи манъи эътироз бо сӯзонидани Қуръонро нодуруст номид


Додгоҳе дар Шветсия қарори пулиси ин кишварро, ки баргузории ду ҳамоиши эътирозӣ бо сӯзондани Қуръонро манъ карда буд, бекор кард.

Додгоҳи олии маъмурии Шветсия гуфтааст, нигарониҳои пулис, ки моҳи феврали имсол баргузории эътирозҳо бо сӯзонидани Қуръонро ба далели амниятӣ манъ кард, ҷиддӣ набуданд ва бояд ба баргузории онҳо иҷозат дода мешуд.

"Мақомоти пулиси Шветсия барои ин қарорҳои худ асосҳои кофӣ надошт", - изҳор доштааст додрас Ева Лотта Хедин.

Пулиси Шветсия иҷозат надод, ки моҳи феврали имсол дар назди сафоратхонаҳои Ироқ ва Туркия дар Стокҳолм ҳамоишҳои эътирозӣ бо сӯзонидани Қуръон баргузор карда шавад. Пулис гуфт, эътирози ҳамсони моҳи январ Шветсияро ба "ҳадафи афзалиятноки ҳамлагарон" табдил додааст.

Сӯзонидани Қуръон дар назди сафорати Туркия дар Стокҳолм дар моҳи январи имсол нигарониҳои ҷиддиеро дар кишварҳои мусулмоннишин ва даъватҳо ба таҳрими маҳсулоти он кишварро ба миён овард. Ҳамчунин боиси ба таъхир афтодани баррасии дархости узвияти Шветсия дар НАТО шуд.

XS
SM
MD
LG