"Русия дар Қрим иншооти зиёди низмоӣ сохтааст, ки онҳо ҳадафҳои қонунии Украина ҳастанд, мо аз ин ҳамлаҳо ҳимоят мекунем. То замоне, ки ҳадди ақал Қрим аз иншооти низомӣ пок нашавад, Украина дар амон нахоҳад монд", - гуфт Нуланд рӯзи 16 феврал.
Аммо вай афзуд, пеш аз таваҷҷуҳ ба Қрим низомиҳои Украина бояд ҳудудҳои дигари худро аз дасти Русия баргардонанд. "Ва онҳо ҳоло маҳз ба ин таваҷҷуҳ доранд", - гуфт Нуланд.
Украина барои баргардонии тамоми ҳудуди худ талош дорад ва ИМА аз Киев ҳимоят мекунад, афзуд Нуланд.
Бархе аз намояндагони Русия пештар гуфтанд, ки дар сурати ҳамлаи Украина ба Қрим, Москва мумкин аст, аз силоҳи ҳастаӣ истифода барад.
Қрим дар соли 2014 аз сӯи Русия ғасб шуд. Ҳоло Украина мегӯяд, омода аст, Қримро бо роҳи низомӣ баргардонад.