Ссылки доступа

Амрико ба Украина ба маблағи $2,3 млрд кумаки низомӣ мекунад


ИМА бастаи нави кумакҳои низомиро барои Украина ба маблағи 2,3 миллиард доллар ҷудо мекунад.

Дар ин бора вазири дифои ИМА Ллойд Остин дар мулоқот бо ҳамтои украинияш Рустам Умаров дар Вашингтон хабар додааст.

Кумакҳои нави низомӣ аз чи иборат хоҳанд буд, дар ҳоли ҳозир маълум нест. Вазири корҳои хориҷии ИМА Энтони Блинкен дар суҳбат бо "Садои Амрико" гуфтааст, рӯзҳои наздик барои Украина роҷеъ ба низоми дифои ҳавоӣ хабарҳои хуб хоҳад шуд.

Ӯ ба хабаргузории "Reuters" гуфта, ки ҷузъиёт дар саммити НАТО, ки қарор аст, ҳафтаи оянда баргузор гардад, эълом карда мешавад. "Шумо шунидаед, ки украиниҳои мехоҳанд "Patriots"-и иловагӣ ё низомҳои ҳамсон дарёфт кунанд. Фикр мекунам, хабарҳои хуб барои онҳо дар ин замина дар роҳ аст", - афзудааст Блинкен.

Мавзуи меҳварии гуфтугӯҳо дар Вашингтон тақвияти ҳамкориҳои низомӣ миёни Украина ва Амрико аст.

XS
SM
MD
LG